«Ғубор ба Тоҷикистон аз дуриҳо меояд»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 16, 2021 15:46

 ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расонид. Инъикоси Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, раванди корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатиcозии босуръати мамлакат  аз зумраи муҳимтарини онҳо ба ҳисоб мераванд.

«Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шумораи № 72, душанбе – 12 апрели соли равон зери сарлавҳаи «Идомаи сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Суғд» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 13 март оғоз гардид, нашр намудааст. Дар он гуфта шудааст, ки «моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонда, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накукорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд…».

Ҳамчунин дар ин шумора зери унвони «Қаноти миллати тоҷик. Бузургон дар ситоиши устод Мирзо Турсунзода», «Арғунун. Рамзи ҳамгиройии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ», «ДЗЮДО. Дурахши гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнус» ва дигар хабару гузоришҳо нашр гардидаанд.

«Ҷумҳурият» дар шумораи № 74, сешанбеи 13 апрел, таҳти унвони «Ҳақиқати бебаҳс. Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст», «Фолклор ва драматургия. Ду боли парвози эҷодиёти Мирзо Турсунзода», «Биёед рисолатамонро иҷро кунем!», «Рамазон. Чӣ мешавад, ки маводи ниёзи аввалро ба монополияи давлатӣ табдил диҳем?», «Сиёсати экологӣ. Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои муҳими ояндасоз» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни рӯйдодҳои дохил ва хориҷи мамлакат ба нашр расонидааст.

 «Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи№ 47 (4308-4309), сешанбе, 13 апрели соли 2021, дар радифи хабару гузоришҳо  Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нашр намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора таҳти унвони «Ҷавононе, ки хизмати ҳарбӣ мекунанд, бо имтиҳон ба макотиби олӣ дохил хоҳанд шуд», «Қонуне, ки боис ба саодати мардум гашт», «Суханаш бӯйи адолат мекунад», «Чаро даромад аз ҳисоби сайёҳон камтар аст?», «Нақши СҲШ дар рушди принсипҳои ахлоқӣ» ва якчанд фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шудаанд.

 «Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 14 апрел, чоршанбе, №15 (1309) чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат дар саҳифаҳои худ Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора мусоҳибаи рӯзноманигор Солеҳ Юсуфов бо мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, профессор Сабур Абдуллаев дар мавзӯи «Ғубор ба Тоҷикистон аз дуриҳо меояд» чоп гардидааст.

Рӯзноманигор чунин савол додааст: …Вақти омодагӣ ба суҳбат мақсад гузошта будам, ки ҳатман дар бораи манбаъ ва сабаби пайдоиши чангбоду ғуборҳое, ки дар Душанбе ва чанде аз минтақаҳои дигари кишвар рӯ мезананд, мепурсам. Ин ҳолат, ки дар даҳсолаҳои пеш ғайриодӣ ва чандон маъмул намуд, мутассифона, дар ин охирҳо як ҷузъи обу ҳавои тобистону тирамоҳ шуда, мардумро азият медиҳад ва ба кори кишоварзон таъсири бад мегузорад. Дар бораи таъсираш ба одамони бемор чизе намегӯям…

«Бо таассуф бояд иқрор кард, ки ин ҳолат аз далелҳои равшани тағйири иқлим аст. Аэрозоли атмосфера яке аз омилҳои назаррас барои тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Дар атмосфера ифлосшавии аэрозол ба шакли чанг ва ғубор ё тумани ифлос рӯ мезанад….Тоҷикистон дар яке аз ҳалқа ё камарбандҳои чангу ғубор, яъне дар самти ҳаракати чангу ғубор ҷойгир буда, ҳамасола аз моҳи май то ноябр чангу ғубор дар биёбонҳои бузурги олам ба вуҷуд  омада, аз қисмати ҷанубию ғарбии кишварамон ворид гардида, муддати чанд рӯз дар фазои Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки ин боиси коҳиш ёфтани сифати ҳаво ва бадшавии экологияи муҳити зист мегардад. Агар эътибор дода бошед, ин ҳолат сол ба сол дарозтар мешавад….»,-мехонем дар посух.

 «Народная газета»-нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар шумораи  № 14 (20295) 14 апрел соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмӣ мавзӯъҳои рӯзмарраро пайгирӣ намуда, аз  ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон муфассал гузориш додааст.

Ҳамзамон нашрияи расмии «Народная газета» хабару мақола ва гузоришҳоро, ба монанди «Рамазан- месяц добра и милосердия», «Минздрав планирует провести дополнительную иммунизацию с использованием вакцин ОПВ», «Вклад астрономов Таджикистана в исследование космоса» ва дигар маводи хонданбоб  мунташир намудааст.

                                               Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2021 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад