Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу ба Душанбе омад

Апрель 26, 2021 23:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Вазири мудофиаи Россия дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи (ШВМ) Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.

Дар баробари ин, қарор аст Шойгу бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар ҷаласаҳои ШВМ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД, ки 27-29 апрел дар Душанбе баргузор мешаванд, масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин чораҳои безараргардонии онҳо муҳокима карда мешаванд.

Ба рӯзнома инчунин муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД шомил аст.

Қабл аз оғози нишастҳо дар назар аст, ки вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амниятро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намоянд.

Мавриди зикр аст, ки ба СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон, ки СААД-ро соли 2021 раисӣ мекунад, шомиланд.

                                                                                               АКС аз бойгонӣ

Апрель 26, 2021 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад