ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Расо 55 сол пеш дар Тошканд заминларзаи харобиовар ба вуқӯъ омад

Апрель 26, 2021 11:39

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расо 55 сол пеш, 26 апрели соли 1966, соати 5:22 дақиқаву 53 сония дар Тошканд заминларза бо неруи таконҳои зиёда аз 8 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер  ва магитудаи 5,5 ба вуқӯъ омад. Ба гуфтаи Валентин Уломов, ки соли 1966 масъули пойгоҳи зилзиласанҷии Тошканд буд, заминларза дар пойтахти Ӯзбекистон аз ҷиҳати неруманди хеле харобиовар буд.

Зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ, 236 бинои маъмурӣ, тақрибан 700 муассисаи савдо ва хӯроки умумӣ, 26 муассисаи коммуналӣ, 181 муассисаи таълимӣ, ба шумули мактабҳо барои 8 ҳазор ҷой, 36 муассисаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, 185 бинои тиббӣ ва 245 бинои истеҳсолӣ тахриб шуда буданд. Зиёда аз 78 ҳазор оила ё беш аз 300 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд. 8 рӯйдоди фавт сабт гардид ва қариб 150 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуда буданд.

Шаҳри осебдида фавран пас аз заминҷунбӣ бо хаймаҳо, доруворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техника аз тамоми ҷумҳуриҳои ИҶШС таъмин мешуд, аз тамоми ҷумҳуриҳо қатораҳои сохтмонӣ меомаданд.

26 апрел ҳайати ҳукумати ИҶШС ва ҲКИШ бо сардории Котиби Генералии КМ Л.Брежнев аз Москва ба Тошканд омад. Дар шаҳр зиёда аз 15 ҳазор хайма насб шуда буд, қариб 600 дӯкони муваққатӣ ва муассисаҳои хӯроки умумӣ кушода шуданд. Қариб 15 ҳазор оила муташаккилона ва бо розигии онҳо ба шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ кӯчонида шуданд. Бачаҳои Тошканд дар лагерҳои пионерии 94 вилояти ИҶШС истироҳат мекарданд.

Бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ӯзбекистон, Главташкентстрой ба Саридораи Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон оид ба эҳё ва сохтмони Тошканд табдил дода шуд. То оғози зимистони соли 1966 вазифаи аввалиндараҷа иҷро шуд — зиёда аз 300 ҳазор сокинони Тошканд соҳиби сарпаноҳ шуданд. Дар муддати кӯтоҳ, каме бештар аз 3,5 сол, вазифаи рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ иҷро карда шуд. Маҳаллаҳои нав, микрорайонҳо, массивҳо қомат меафрохтанд, шаҳр — радиф (спутник) (муддати тӯлонӣ онро ҳамин тавр меномиданд — Радиф) Сергелӣ пайдо шуд.

Дар Тошканд зиёда аз як миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ манзил, аз ҷумла зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор метри мураббаъи он тавассути бинокорони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва бинокорони низомӣ сохта шуд.

Зиёда аз 60 ҳазор хона барқарор карда шуд, мактабҳо, биноҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва маъмурӣ бунёд шуданд.

Рақамҳое, ки миқёси кумаки аз тарафи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба Тошканд расонидашударо нишон медиҳанд чунинанд:

 

Ҷумҳурӣ, шаҳр Сохта шуд,ҳаз. м.м. Ҷумҳурӣ,                                                                           шаҳр Сохта шуд, ҳаз. м.м.

 

Москва 230 Литва 10,7
Ленинград 100 Латвия 8,9
Россия 334,8 Қирғизистон 11,5
Украина 163,7 Тоҷикистон 8
Болорус 226,6 Арманистон 15,3
Қазоқистон 28,3       Туркманистон  9
Гурҷистон 22,8 Эстония 5,6
Озарбойҷон 35

 

Бинокорони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мактабҳоро бо 18,2 ҳазор ҷойи нишаст, боғчаҳои кӯдакона ва яслиҳоро қариб бо 9 ҳазор ҷой буньёд карданд. Агар пеш аз заминҷунбӣ дар Тошканд соле на бештар аз 300 ҳазор метри мураббаъ сохта мешуд ва масоҳати майдони умумии истиқоматии шаҳр 7 миллиону 935 ҳазор метри мураббаъро ташкил медод, пас дар охири соли 1970 танҳо бинокорони Тошканд зиёда аз 4 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд.

Дар давоми якчанд сол Тошканд ба зеботарин шаҳри Осиё ва ИҶШС табдил ёфт.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 26, 2021 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд