Якчанд ҷамоатҳои деҳоти Истаравшан дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд

Апрель 1, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 01.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Истаравшан 50 нафар наваскарони ихтиёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои муссал сафарбар шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд, маросими гусел дар майдони «Нишони давлатӣ»-и шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндагони сохторҳои қудратӣ, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, инчунин собиқадорону фаъолон сурат гирифт.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нахуст навдаъватшудагони ихтиёриро бо дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки ин лаҳза, барои мо дар ҳақиқат фараҳбахш ва фаромўшнопазир аст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои кишварамон 150 нафар ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шўҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандўстона ихтиёран барои ба сафҳои Артиши Миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд.

Раиси шаҳр ба падарону модарони даъватшудагон барои тарбияи чунин фарзандони нексиришт изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар ин маросим роҳбарият ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ниҷонӣ, Зарҳалол ва Чорбоғ, ки дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат сарбаландона иҷро намуданд, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.

Сержанти қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Мастонзода Додхудо дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки имрузҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. «Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз ҷавонони шуҷои шаҳри Истаравшан даъват ба амал меорам, ки ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукуматро нисбат ба сарбозон ба назар гирифта, барои ҳифзи марзу буми ватани соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз сарбаландона камари ҳиммат банданд», — илова намуд ӯ.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ш. Истаравшан

Апрель 1, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон