1 июн дар Боғи «Устод Рӯдакӣ»-и пойтахт намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир мегардад

Май 31, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли равон, соати 16:00 дар Боғи «Устод Рӯдакӣ»-и пойтахт бо ташаббуси  Муассисаи нашриявии «Адиб» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир мегардад. Дар ин маъракаи фарҳангӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дигар кормандони идораву муассисаҳо иштирок мекунанд.

Тавре аз Нашриёти «Адиб» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоиш-фурӯши мазкур  китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ, осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад — «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ — «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол,  Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор,  асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб,  Фарзона, Озарахш, Озар, ҳашт ҷилди навбатии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва дигар асарҳои шоирону нависандагони тоҷик ва адабиёти ҷаҳон  пешниҳоди дӯстдорони китоб гардонида мешавад.

Чун аънана дар ин намоиш-фурӯш низ шоирону нависандагони маъруфти тоҷик иштирок намуда, ба китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки  дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб гузаронида мешавад. Роҳбарияти нашриёт тасмим гирифтааст, чунин намоиш-фурӯшро  дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми  мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 31, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт