31 МАЙ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БИДУНИ ТАМОКУ. Тоҷикистон ба раддабандии кишварҳои аз ҳама зиёд тамокукаши ҷаҳон шомил нашуд

Май 31, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1988 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) 31 майро Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку эълон кард ва ин сана имрӯз дар ҷумлаи рӯзҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалии СММ шомил мебошад.

Ҳар сол СУТ ва шариконаш ин рӯзро дар саросари ҷаҳон таҷлил  карда, таваҷҷуҳро ба хатари  вобаста ба истифодаи тамоку ба саломатӣ вуҷуддошта  ҷалб менамоянд ва ҳукуматҳоро ба татбиқи сиёсати муассир дар самти коҳиши тамокукашӣ даъват мекунанд.

Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, муҳаққиқон омори ҷаҳонро ҷамъ оварда, муайян кардаанд, ки дар кадом кишвар одамон бештар тамоку мекашанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи махсуси тиббии «The Lancet» нашр шудаанд. Шарҳи мазкур давраи аз соли 1990 то 2019 -ро фаро гирифтааст. Таҳлилгарон омори тамокукашӣ ва истеъмоли тамокуро дар 204 кишвари ҷаҳон баррасӣ кардаанд. Малумот дар ҷараёни 3625 пурсиши умумимиллӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ҷойи аввал ё дар сархат Чин қарор дорад. Таҳлилгарон зикр кардаанд, ки ҳар фарди сеюм дар ин кишвар тамоку мекашад.

Дар радифи кишварҳои «бисёр тамокукаш», ба ғайр аз Чин, Ҳиндустон, Индонезия, ИМА, Россия, Бангладеш, Ҷопон, Туркия, Ветнам ва Филиппин шомил мебошанд. Барои аёният, муҳаққиқон шарҳ додаанд, ки ҳар сеюмин фарди тамокукаш дар ҷаҳон сокини  Чин мебошад. Ин бор ҳам Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои тамокукаш шомил нашуд — шумораи тамокукашон дар кишвар сол то сол кам мешавад.

Дар асоси маълумоти ҳосилшуда шумораи одамони истеъмолкунандаи тамоку сол то сол зиёд мешавад. Дар соли 2019 ин нишондиҳанда ба 1,1 млрд нафар расид. То имрӯз тамокукашӣ 7,7 миллион нафарро «куштааст». Тибқи маълумоти ин пажӯҳиш, тамокукашон нисбат ба шахсоне, ки тамоку намекашанд тақрибан 10 сол камтар умр мебинанд ва ҳар фарди дуюмин бар иллати саратони шуш мефавтад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо онҳо мувофиқ аст. Дар вазорат изҳор доштаанд, ки дар кишвар фавт аз бемориҳои роҳҳои нафас,  пас аз фавт аз бемориҳои системаи гардиши хун дар ҷои дуюм қарор дорад.

Олимон мегӯянд, ки барои муборизаи муассир бо сирояти «дудӣ», кишварҳо бояд як зумра  тадбирҳои  самарабахш  андешанд,  ба фикри олимон баланд бардоштани андоз барои тамоку бояд дар ҷумлаи онҳо шомил бошад.

Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии тамокукашон дар сайёра аз як  миллиард нафар зиёд шудааст, ҳар марди чорум ва ҳар бистумин зан имрӯз аз никотин вобаста мебошанд, навиштааст РИА «Новости».

«Тадбирҳои ҷории мубориза бо тамоку ба кам шудани хатари тамоку ба саломатии инсоният мусоидат карданд, аммо мо метавонем корҳои зиёдтареро анҷом бидиҳем. Имрӯз шумораи тамокукашон нисбат ба теъдоди  одамоне, ки тамокукаширо тарк кардаанд, зудтар афзоиш меёбад ва ин нишон медиҳад, ки мо бояд ибтидои истифодаи тамокуро пешгирӣ кунем ва ба одамон дар тарки тамокукашӣ кумак расонем», — изҳор дошт Эммануэла Гакиду аз Донишгоҳи давлатии Вашингтон дар Сиэттл (ИМА).

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, 23 феврали соли 2021 дар Душанбе муҳокимаи татбиқи Конвенсияи чаҳорчӯбавии СУТ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон сурат гирифта буд.


Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва СУТ зикр  карданд, ки сатҳи тамокукашӣ дар кишвар сол то сол коҳиш меёбад ва ин натиҷаи чораҳои андешидашуда мебошад.

Аз ҷумлаи чораҳои андешидашуда, меъёрҳои қонунгузорӣ: манъи тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, дафтарҳои корӣ дар идораҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ номбар шуданд.

Дар кишвар инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку дар фосилаи аз сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилотҳои динӣ манъ карда шудааст. Ба ашхоси то 18-сола фурӯхтани сигор манъ аст: агар фурӯшанда нисбат ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдорро талаб кунад.

Дар Тоҷикистон акнун фурӯши донагии маҳсулоти тамоку ва табодули маҳсулоти тамоку бо дигар молҳо ва хидматҳо, инчунин  тақсимоти ройгони онҳо дар байни аҳолӣ манъ карда шудааст.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва СУТ  изҳор  доштанд, ки тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғайра) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки СУТ соли 2018 Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузургашон дар мубориза алайҳи тамокукашӣ бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонид.

СУТ ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 қонун қабул шуд ва он тамокукаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард, ба истиснои ҷойҳои махсус. Таблиғи (рекламаи) сигор низ манъ карда шуд.

Ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон, боз 32 нафари дигар, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бо тамокукашӣ муваффақият ба даст овардаанд, сазовори мукофот шудаанд.

Аз соли 1988 то инҷониб, ҳар сол СУТ дар Рӯзи байналмилалии даст кашидан аз тамоку, ки 31 май таҷлил  карда мешавад ходимони давлатӣ, олимон ва мутахассисонро, барои дастовардҳои назаррасашон дар татбиқи стратегияҳои мубориза алайҳи тамоку бо ин мукофот сарфароз мегардонад.

Мутобиқи маълумоти СУТ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати тамокукашӣ дар ҷои нуҳум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои сеюм қарор дорад. Аз шумораи умумии истеъмолкунандагони тамоку дар Тоҷикистон 78% -ро мардон, 10% -ро занон ва 12% -ро ноболиғон ташкил медиҳанд.

 АКС аз mos-zdravo.ru

Май 31, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»