ҶАҲОН ДАР ХАТАР АСТ. Сабаб — гармшавии глобалӣ ва обшавии пиряхҳо, алахусус дар Антарктида, ки дар ин бора Президенти Тоҷикистон чанде пеш ба ҷаҳон ҳушдор дода буданд

Май 19, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Олимон муайян карданд, ки сокинони Заминро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст. Хулосаҳо ногуворанд. Дар ҳоле ки баъзе олимон таваҷҷуҳро ба тағйирёбии иқлим дар Арктика ҷалб мекунанд, дигарон аз он чизе, ки дар тарафи муқобили сайёра рух медиҳанд, нигарон ҳастанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар он ҷо барои ҳаёти муқаррарии одамон дар рӯи замин хатари аз ин ҳам бештар ба вуҷуд омадааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар маводи нашрияи илмии бритониёии Phys.org гуфта шудааст.

Антарктида (қитъае, ки дар ҷанубтарин қисми Замин воқеъ аст) миқдори кофии яхҳоро дар хушкӣ нигоҳ медорад ва ҳангоми об шудани онҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ метавонад зиёда аз 60 метр баланд шавад — тахминан 10 маротиба зиёдтар назар ба сипари яхини Гренландия. Таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки тағйирот дар қабати яхини Антарктида дар даҳсолаҳои охир ба нуқтаи дигаргунии қатъӣ хоҳад расид — мувофиқи маълумоти нашрияи илмии Phys.org ин  соли 2060 рух хоҳад дод.

Дар натиҷа, ҳама чизе, ки дар ҳудуди хатҳои соҳилӣ ва шаҳрҳои соҳилӣ воқеъ мебошад, аз Ню — Йорк то Шанхай, бояд аз обхезӣ наҷот дода шаванд — сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд мешавад. Пас аз соли 2060 боздоштани раванди обшавии яхҳо ғайриимкон хоҳад буд, сарфи назар аз он ки инсоният чӣ қадар кӯшиш ҳам кунад, гуфта шудааст дар манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, хабарҳои хуш низ ҳастанд. Чунин пешгӯии даҳшатнок замоне фаро хоҳад расид, ки агар одамон нисбат ба партовҳои газҳои гулхонаӣ ҳеҷ коре накунанд. Агар инсоният тамоми неруҳоро барои коҳиш додани онҳо равона кунад, имкон дорад, ки фарорасии  нуқтаи дигаргунии қатъӣ пешгирӣ карда шавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи онлайни Ассамблеяи Генералии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор суханронӣ карда, дар бораи ин проблема ҳушдор дода буданд.

ДАР АКС: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акси Хадамоти ахбори СММ

«Имрӯз мо обшавии босуръати яхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида мекунем. Дар пиряхҳои заминӣ низ тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон ва сабаби тағйирёбии иқлимро гармшавии ҷаҳонӣ номиданд.

Пешвои Тоҷикистон кӯҳҳои Помирро мисол оварданд, ки дар он ҷо суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии пиряхи калонтарини соҳилӣ, пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозии он зиёда аз 75 километр мебошад, мисоли барҷастаи ин аст», — иброз доштанд Президент.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо дар 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам ва масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон шарҳ доданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд.

«Обшавии босуръати пиряхҳо, инчунин афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ доранд, ба зиндагӣ ва некӯаҳволии садҳо миллион одамон таҳдид мекунанд», — изҳор доштанд Пешвои Тоҷикистон. Бо ҳамин сабаб, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон пиряхҳо 6% қаламрави кишварро фаро гирифтаанд. Маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд.

ДАР АКСИ БОЛО:  обшавии яхҳо дар Антарктида.  Акс аз NASA

Май 19, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
21 июл Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, БДА «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва оберӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 554 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Маводҳои таҳлилӣ