ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. ҶДММ «Таъмиркор» дар Ховалинг муассисаи таълимӣ бунёд мекунад

Май 16, 2021 08:48

ХОВАЛИНГ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз ҷониби ҶДММ «Таъмиркор» сохтмони муассисаи таълимӣ  бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараён дорад. Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дар он 11 синфхона ва ду утоқи корӣ ҷойгир мебошанд. Баъди ба истифода додани он 480 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Имрӯзҳо баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мебахшанд. Дар ин замина сохтмони якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар маркази шаҳрак ва деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Тавре сохтмончӣ Хайрулло Давлатов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ҳоло аз ҷониби соҳибкори ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар бинои чойхонаи миллӣ дар маркази шаҳрак бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардидаанд. Айни замон сохтмончиён бо дастрас намудани маҳсулоти хушсифати ватанӣ корҳои омодасозии таҳкурсии биноро идома дода истодаанд. Дар ин иншоот 14 нафар коргарон фаъолият мекунанд. Дар дигар иншооти ҷашнӣ низ  корҳои сохтмонӣ вусъати тоза ёфтаанд.

Сармеъмори ноҳияи Ховалинг   Иноятулло Ҳоҷизода гуфт, ки имрӯзҳо дар ноҳия дар баробари пешбурди сохтмони иншоот корҳои тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллаҳо, шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳо идома дошта, сокинон мақсад доранд ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатиро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил намоянд.

Май 16, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд