ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум ба истифода дода мешавад
ХОРУҒ, 28.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум 90 фоизи корҳои таҷдиду таъмир анҷом ёфта, рӯзҳои наздик мумфаршкунии қабати дуюм низ ба охир мерасад. Ҳоло дар ин қитъаи роҳ 82 адад техникаву механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ машғули коранд. Мутобиқи лоиҳа, дарозии роҳ 25 километру 640 метр буда, дар асоси меъёрҳои роҳсозии байналмилалӣ сохта мешавад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, барои бунёди ин қитъаи роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд 3 млн 271 ҳазору 549 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
Ба гуфтаи муҳандиси роҳсоз Муҳаммадҷон Ширинҷонов, “ҷараёни сохтмони роҳро Ширкати машваратчӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба аз кишварҳои Чин, Корея ва Арабистон назорат мебарад. Ба бунёди роҳ ҳоло 409 нафар мутахассисони соҳаи роҳсозӣ ва коргарони гуногункасб ҷалб шудаанд, ки 374 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд. Ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кор агар аз як сӯ сатҳи бекориро дар ноҳия коҳиш диҳад, аз сӯи дигар онҳо дар ҷараёни кор лаёқату маҳорати касбии худро сайқал дода, дар оянда дар дигар қитъаҳои ин роҳи байналмилалӣ низ ба кор ҷалб мешаванд”.
Ин қитъаи роҳ аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии умумиаш 12 метр аст, ки 7 метри он мумфарш карда мешавад. Дар баробари ин дар яке аз мавзеъҳои хатарзо ба масофаи 300 метр нақб ва дар мавзеи дигар пули мошингузар бунёд мегардад.
Қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, аз моҳи сентябр таъмиру навсозии қитъаи роҳи Қалъаихум-Ванҷ оғоз меёбад.










Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад






