Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ду ширкати ҳавопаймоии Россияро манъ кард

Май 18, 2021 17:05

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро манъ кард. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори агентӣ Икром Субҳонзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои мазкур нархи чиптаҳоро бар хилофи созишномаи қаблан бадастомада боло бурдаанд.

«Тавре хабар дода будем, мо онҳоро огоҳ кардем, ки агар нархи чиптаҳои ҳавопайморо паст накунанд, парвозҳоро лағв менамоем. Онҳо протоколро имзо каданд, вале шартҳои онро  ба иҷро нарасониданд.  Қарори мо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои мусофирон нигаронида шудааст», — гуфт директори агентӣ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии авиатсияи гражданӣ бо чаҳор ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» — арзиши чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Россияро мувофиқа карда буд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо набояд аз 8500 сомонӣ зиёд бошад. Аммо, бисёре аз мусофирон шикоят мекунанд, ки арзиши он ба 15 ҳазор сомонӣ расидааст ва чиптаҳо дар ширкатҳо дар давоми ду моҳ харида мешаванд.

Як манбаи огоҳ аз бозори авиатсия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло ширкатҳо аз як парвоз то 100 000 доллар даромад  мекунанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи манбаъ, ки мехост номаш гирифта нашавад, бо нархи миёнаи чипта ба маблағи 800 доллар ва 200 мусофир даромад 160 000 долларро ташкил хоҳад дод.

Аз ин даромад ширкати ҳавопаймоӣ бояд барои хароҷоти фурудгоҳ 25 000 доллар, хидматрасонии аэронавигатсия 1 000 доллар, хароҷоти маъмурӣ 9 000 доллар ва сӯзишворӣ тақрибан 20 000 доллар пардохт кунад.

Ҳамин тариқ, фоидаи ширкати ҳавопаймоӣ тақрибан 80 000 доллар хоҳад буд.

Пас аз 1 апрел боз шудани парвозҳо аз Тоҷикистон ба Россия хоҳишмандон барои ба Россия рафтан зиёданд. Мақомоти Тоҷикистон ба афзоиши шумораи парвозҳо ба Россия ҳавасманд мебошанд.

«Пеш аз ҳама, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд манфиати мусофирони худро фикр намоянд ва нархи ғайривоқеии чиптаро муқаррар накунанд», — гуфт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, «Сибирь» ва «Северный ветер» метавонанд парвозҳоро аз сар гиранд, агар онҳо адолат нишон дода, арзиши чиптаҳоро бо мувофиқаи ҷонибҳо муқаррар кунанд.

Қаблан чаҳор ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» аз Тоҷикистон ба Россия ва баръакс парвозҳои чартерӣ анҷом медоданд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, як ширкати дигари ҳавопаймоии Россия – «Azur Air» низ чанде пеш иҷозаи парвозро гирифтааст.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Май 18, 2021 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!