АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 5-6 май дар бархе ноҳияҳои Тоҷикистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Май 4, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  5-6 май дар якчанд ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат борида, эҳтимоли омадани сел дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инчунин дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ба хотири таъмини амнияти шахсӣ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  ҳамчунин аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки ба назди обанбору махзанҳои об нараванд.
Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо, заминҳои кишт сари вақт тоза кардани ҷӯву заҳбур ва селроҳаҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Май 4, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд