Ғайратшо Соҳибназар доираҳои иқтисодию тиҷоратии Полшаро ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват намуд

Май 25, 2021 08:28

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар дар чаҳорчӯби сафари корӣ бо муовини вазири рушди иқтисод, кор ва фанноварии Ҷумҳурии Полша Роберт Томанек мулоқот намуд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, муҳоҷирати корӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Полша, инчунин  ҳамоишҳои соҳибкорони ду кишвар метавонанд саҳифаи навро дар робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду давлат  боз намоянд.

Сафир аз доираҳои иқтисодию тиҷоратии Полша даъват кард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон иштирок намоянд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 25, 2021 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд