Ҳавасмандии Полша барои ҳамкории тиҷоратӣ бо Тоҷикистон

Май 24, 2021 10:57

 ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Полша (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар бо Ноиби президент, Мудири кулли Палатаи тиҷорати Ҷумҳурии Полша  Марек Клотско, ки 21 майи соли 2021 баргузор гардид, доираи васеи имконияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ғайратшо Соҳибназар зикр намуд, ки раванди саноатикунонии кишвар, таъсиси равзанаи ягона ба манзури содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва убурӣ, мавҷудияти имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла барои доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупои Шарқӣ имконияти мусоид фароҳам овардааст.

Мар Клотско иброз дошт, ки соҳибкорони полшагӣ ба роҳандозии ҳамкории тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҷонибҳо баҳри танзими форуми маҷозии соҳибкорон миёни ду кишвар дар тирамоҳи имсол ибрози омодагӣ намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 24, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд