Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд

Май 17, 2021 16:47

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон яке аз шарикони калидии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар савдои хориҷии Тоҷикистон баъд аз Россия мақоми дуюм касб менамояд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА хабар медиҳад, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Qaztrade»-и Қазоқистон баргузор гардида, дар он намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода  ва мудири кулли Ҷамъияти саҳомии «Qaztrade»-и Қазоқистон Азамат Аскарулӣ доир ба ҳамкории иқтисодию  тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон  сухан карда, тақвияти ҳамкории иқтисодии ду давлати дӯстро самараи неки равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар партави  иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки соли гузашта табодули мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 152,2 миллион доллар ба содирот  ва 757,5 миллион доллар ба  воридот рост меояд. Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева  ва хушкмева содирот намуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон  маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла  сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид карда мешаванд. Инчунин бо ҷалби сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон 100 корхона фаъолият менамояд.

Таъкид гардид, ки ҳоло байни ду давлат имконияти истифоданашуда дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат зиёд буда, баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда замина фароҳам меорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар маҷмӯи масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҳамзамон имконоти сармоягузории ҳарду давлатро муаррифӣ намуданд. Инчунин мулоқоти доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли «В2В» доир гардид.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ байни корхонаю ширкатҳои ҳарду давлат ба имзо расонида шавад, ки маблағи умумии он 10 миллион доллари амрикоиро ташкил дода,  ба тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.

Май 17, 2021 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»