Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба ноҳияи Сангвор 50 тонна тухмии картошка ворид карда шуд
САНГВОР, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2021 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат додани кишти зироати кишоварзӣ ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор Маҳмадҷон Пирназаров изҳор намуд, ки мувофиқи нақшаи дурнамо, соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 1540 гектар ғалладонагӣ, 890 гектар картошка, 214 гектар сабзавот, 4 гектар полезӣ, 50 гектар зағир ва 52 гектар хӯроки чорво кишт мешавад. Хушбахтона, кишти картошка дар ноҳия бо маром ҷараён дошта, то имрӯз дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 130 гектар ва дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқониву ҷамоавӣ 372 гектар картошкаи босифат кишт карда шудааст. Барои сари вақт гузаронидани кишти картошка ва дигар зироат дар ҳудуди ноҳия 41 адад техникаҳои кишоварзӣ машғули кор мебошанд.
Дар ноҳияи Сангвор захираи тухмии картошка барои кишти соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 2200 тоннаро ташкил дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 тонна картошкаи навъҳои “Манифест” ва “Янка” аз Ҷумҳурии Беларус ва тариқи соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 100 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид карда шудаанд, ки талаботи картошкапарварони ноҳияро қонеъ мегардонад.
Дар асоси ҳисоботи оморӣ, кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид аз аввали мавсими кишту кори зироати баҳорӣ то 5 май кишти ғалладонагиҳоро 100 %, картошка 58 %, сабзавот 67 %, зағир 101 % ва хӯроки чорворо 102 % иҷро намудаанд. Ҳоло кишти картошка дар заминҳои корами обӣ муташаккилона идома дорад.
Заминҳои корами обии ноҳияи Сангвор 1753 гектарро ташкил дода, тариқи 11 шабакаи худҷорӣ обёрӣ карда мешаванд. Соли ҷорӣ аз тарафи идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва хоҷагидорон барои обёрии 850 гектар шартнома баста шудааст. Барои сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои корами обӣ дар ноҳия корҳои тозакунии каналҳо идома доранд.
Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Сангвор








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






