БОНГИ ИЗТИРОБ! Сокинони шаҳраки Дарбанд кай бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мешаванд?
НУРОБОД, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 5 сол мешавад, ки сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба мушкили нарасидани оби нӯшокӣ дучоранд. Имрӯзҳо мардуми маркази ноҳияи Нуробод барои таъмини хонаводаҳояшон бо оби нӯшокӣ ба воситаи мошинҳои обкаш оби тоза харидорӣ менамоянд ё бо дигар воситаҳо аз беруни маркази ноҳия оби нӯшокӣ меоранд. Сокинони поёноби маркази ноҳия мегӯянд, ки баъд аз омадани муҳоҷирони минтақаи зериобмонӣ ин мушкилӣ боз ҳам ҷиддитар гардида, дар як шабонарӯз ба миқдори як-ду соат ба мардум об медиҳанд, ки аз бисёрии одамон навбати гирифтани об ба якдигар намерасад. Дар ин ҳол мардум маҷбур мешаванд, ки бо мошин об харидорӣ намуда ё аз дигар ҷой бо даст ва хару аробаҳо об кашонанд.
Кор ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод низ ба мушкили нарасидани оби нӯшокӣ дучор аст. Маъмурияти он 5 апрели соли 2021 ба тариқи хаттӣ аз раиси ноҳияи Нуробод хоҳиш намудаанд, ки барои ба таври доимӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намудани Беморхонаи марказии ноҳия ба воситаи соҳибкор Ф.Ҳоҷиев мусоидат намояд.
Роҳбарияти КДФ «Оби нӯшокӣ ва канализатсия»-и ноҳияи Нуробод изҳор доштанд, ки “оби нӯшокии шаҳраки Дарбанд бо лӯлаи қутраш 80 таъмин мегардад, ки шабона оби онро захира намуда, рӯзона ба аҳолӣ медиҳем. Хатти оби нӯшокие, ки айни замон фаъол аст, барои як қисмати ками аҳолии шаҳраки Дарбанд пешбинӣ шуда буд. Вале имрӯзҳо аҳолии шаҳраки Дарбанд аз ҳисоби муҳоҷирон дар минтақаҳои 3, 6, 7-и маркази ноҳия зиёд гардидаву мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ дида мешавад. Дар сурати кашидани хати оби нӯшокӣ аз мавзеи Шолидара проблемаи нарасидани оби нӯшокии маркази ноҳия бартараф мегардад”.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то соли 2019 барои таъмини сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бо оби нӯшокӣ бояд хати оби нӯшокии Шолидара-Дарбанд дар масофаи 13,2 километр бо қубури қутраш 273 х8мм ба истифода дода мешуд. Аз сабаби мушкилии молиявӣ корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар муҳлати муайяншуда ба анҷом нарасиданд. Аз ин рӯ муҳлати ба истифодадиҳии ин иншоот то 20 декабри соли 2021 тамдид карда шудааст.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод гуфтанд, ки лоиҳаи иншооти «Хати оби нӯшокии Шолидара-Дарбанд» аз тарафи КВД ҶПЛ «Нурофар» дар масофаи 13,2 километр бо қубури оҳанини қутраш 273х8 мм тарҳрезӣ гардидааст. Солҳои 2018-2020 барои иншооти мазкур 7 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағи корҳои иҷро гардида, ба ҳолати 1 январи соли 2021 5 миллиону 270 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи маблағҳои ҷудогардида, аз ҷумла васлу насби қубурҳои оҳанин дар масофаи 4900 метр иҷро гардида, барои давоми сохтмони «Хати оби нӯшокии Шолидара-Дарбанд» 5700 метр қубури оҳанини қутраш 273х8 мм ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Ҷиҳати идомаи корҳои сохтмонӣ дар соли 2021 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар назар аст, ки корҳои сохтмонии он оғоз гарданд.
«Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» соли 2014 хати оби нӯшокии Сари Қошро, ки 12-13 километро дар бар мегирифт ва аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд, бо маблағи як миллиону 50 ҳазор сомонӣ таъмири пурра намуда, дар ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод гузошт. Барои сокинони ноҳияи Нуробод муаммост, ки чаро дар вақти камобӣ сокинони маркази ноҳияро ба воситаи 3 адад насоси обкашии он бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин наменамоянд. Дар сурате, ки бо маблағҳои калони Ҳукумати ҷумҳурӣ ин хати оби нӯшокӣ барқарору таъмири пурра шуда буд.
Мушкилии нарасидани оби нӯшокии шаҳраки Дарбанд имрӯзҳо ҷиддитар мешавад. Аз ин рӯ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва ташкилоту муассисаҳои тобеи онро зарур аст, ки ҳаққи хизматрасонии оби нӯшокиро сари вақт пардохт намуда, то ба истифода додани «Хати оби нӯшокии Шолидара-Дарбанд» аз насосҳои обкашии хати оби нӯшокии Сари Қош истифода намоянд ва сокинону кӯдакистон ва беморхонаю муассисаҳои таълимиро бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз муаллиф








Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд






