Чаҳор варзишгари шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё иштирок мекунанд

Май 19, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 май дар шаҳри Аммони Урдун Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба таэквондо баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо дар ҳайати 4 нафар варзишгар ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар гардид. Дар ин бора аз  Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

 Барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон, Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) миёни бонувон талош мекунанд. Онҳоро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов, Шамсулло Қодиров ва Чонг Чон Фи ҳамроҳӣ мекунанд.

Варзишгароне, ки ҷойҳои якуму дуюмро сазовор мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Ёдрас менамоем, ки Муниса Ойматова ва Моҳру Ҳалимова аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ кӯшиш мекунанд.

                                   АКС аз КМО Тоҷикистон

Май 19, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад