COVID-19. Дар Тоҷикистон то 7 май беш аз 69 ҳазор нафар сокинон ваксина гирифтанд

Май 8, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи таҳлилҳои анҷомдодашуда, то 7 майи соли 2021 дар саросари мамлакат 69 ҳазору 229 нафар ба ваксинатсияи зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР бо истинод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

То 7 май дар 83 вазорату идораҳо, кумитаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ бо зерсохторҳояшон, муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва ғайридавлатии мамлакат маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ҷараён дошта, дар маҷмӯъ то санаи зикргардида 72,8%  нақшаи аввали пешбинишудаи ба ваксинатсияи зидди бемории мазкур фаро гирифтани шаҳрвандон иҷро шудааст ва фаъолият дар ин самт бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки мутаассифона имрӯзҳо давраҳои навбатии хуруҷи бемории  коронавируси нави COVID-19 дар аксар кишварҳои олам ба қайд гирифта мешавад.

Воқеан ҳам тавлиди бемории болозикр дар баробари он ҳама дасторвадҳои соҳавӣ, ҳамзамон  илми тибро як муддат ба озиҷӣ бурд, вале хушбахтона баъд аз гузашти як муддати муайян олимони соҳа тавонистанд дар муқобили ин маризӣ ваксина ва ё позаҳр ихтироъ намуда, мавриди истифода қарор бидиҳанд.

Тавлиди бемории каронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар як муддати кутоҳ тавонист дар ақсои олам доман паҳн намуда, дар баробари ворид намудани хисорот ба тамоми соҳаҳо, ҳамзамон заминаи марги зиёда аз 3 миллиону  255 ҳазор одамон гашта, инчунин  зиёда аз  155 миллиону 840 ҳазори дигарро сироят намояд,

Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута ва ҷомеаи кишвар бо мақсади ҷилавгирии вуруди он аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд, вале ин беморӣ 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд.

Дар ин росто, мақомоти марбутаи кишвар таҳти дастуроти роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат тавонистанд бобати пешгирии доманпаҳннамоии он тадбирҳои амалӣ рӯи даст бигиранд ва дар интиҳо аз рӯзҳои аввали моҳи январи соли 2021 дар муқобили бемории каронавирус ғолибиятро ба даст биоваранд.  Ҳамин аст, ки имрӯзҳо сиёсати корӣ ва барномаҳои амалӣ, ки ҷомеаи тоҷикро дар муқобили ин маризӣ ғолиб намуд, аз ҷониби дигар давлатҳо ҳамчун таҷрибаи хуби андухташуда мавриди истифода қарор гирифтааст.

Баробари ихтироъ гардидани ваксинаи зидди бемории болозикр, бо мақсади ҷилавгирии вуруди навбатии беморӣ ба ҷомеа ва таъмини сиҳатии сокинон, ҳанӯз 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Дар доираи ворид гардидани ваксина ба кишвар 22 марти соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи он дар марҳилаи аввал аз рӯи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ/COVAX воридшударо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм  муқаррар гардиданд.

23 марти соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими расмии маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ба тартиби муқарраргардида, ваксинатсия зидди бемории каронавирус аввалан миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва  соҳаи маориф ва илми пойтахти кишвар шаҳри Душанбе оғоз карда шуд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як боварии комил дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардида, ин чорабинии муҳим то ба ҳол дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.

Маврид ба ёдоварист, ки воридоти ваксинаи “AstraZeneca” ва ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон”   истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ворид гардид. То ҳолати имрӯз миёни ваксинатсияшудагон ягон ҳодисаи марг ба қайд гирифта нашудааст.

Агарчӣ дар рӯзҳои аввали вуруди ин намуд ваксина ба кишвар сару садоҳое зиёде вуҷуд дошт, аммо таҷриба собит намуд, ки он ҳама гуфтаҳо асоси воқеӣ  надоштааст.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи мамлакат аз маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 хуш истиқбол менамоянд, бояд таъкид дошт, ки инсоният огоҳ аст, ки дар масири таърих маҳс ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои сироятӣ, ки таи садсолаҳои охир боиси қурбонии зиёди одамон гардида буданд, гаштааст.

Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории наве бо номи каронавируси нави COVID-19 дар ҳоли бархӯрд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё позаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зуди дар муқобили ин беморӣ пирӯзӣ ба даст хоҳад овард. Мо бояд дарк намоем, ки ваксина зидди ҳама намуд бемориҳо позаҳр аст ва ягона роҳи ҳифозати сиҳатӣ мебошад.

                АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ

Май 8, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»