Дар Бадахшон беш аз 25 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Барчиди Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбековичро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуда, аз ӯ 50 адад бастаҳои селофании скотчпечи дорои моддаҳои ҷигариранг ва бӯи махсусро дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.
Фаромуз Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон даст задааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200, қисми 4, банди “д” ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовар








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






