Дар Бадахшон филиали МД «Маркази ҷумҳуриявии хун» ифтитоҳ гардид

Май 21, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб бори нахуст дар шаҳри Хоруғ филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, марказ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии донорони хун, ки ҳамасола 14 июн ҷашн гирифта мешавад, таъсис ёфтааст.

Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» Азиз Одиназода ширкат намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро дар вилоят ба манфиати кори табибон арзёбӣ карданд.

Маркази мазкур дорои 15 утоқи барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои нигоҳдории хун, се ташхисгоҳ, ҳуҷраи муоинаи донорон ва утоқи коркарди хун мебошад. Ҳама ҳуҷраҳо бо мебел ва дигар шароити зарурии корӣ таъминанд.

Имрўзҳо дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ  фаъолият менамоянд. Меҳмонон бо шароити фароҳамомада, таъмини таҷҳизоти пешрафта ва шароити мусоиди корӣ шинос шуданд.

Барои таъмиру таҷдиди бинои марказ 578 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти корӣ барои ҳуҷраҳои корӣ харид шудааст. Бартарияти марказ дар он аст, ки ба низоми ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ пайваст буда, фаъолияти кормандон аз пойтахт назорат карда мешавад.

Аз ҷониби масъулини соҳа мутахассисон дар ду давр дар пойгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Душанбе ба бозомўзӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун табибони кордон аз уҳдаи вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташуда сарбаландона  мебароянд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ кормандони соҳаи тандурустӣ метавонанд чарроҳиҳои вазнинро минбаъд дар ҳудуди вилоят анҷом диҳанд.

АКС аз МИҲД ВМКБ

Май 21, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд