Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ доир гардид

Май 28, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 май  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидемиологӣ баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ситод муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода (раиси ситоди корӣ), намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони вилоятҳо ва сардорони сарраёсатҳои кишоварзӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ, инчунин соҳибкоронӣ ватанӣ иштирок доштанд.

Нахуст гузориши раиси ситоди корӣ Сулаймон Зиёзода бо назардошти натиҷагирӣ аз корҳои анҷомёфта дар доираи фаъолияти соли 2020 шунида шуд.

Сипас, гузоришҳои мухтасар оид ба имконоти ҳаҷми истеҳсол ва содироти мева, сабзавоти барвақтӣ дар соли 2021 ва пешниҳоди таклифҳои мушаххас вобаста ба зиёд кардани ҳаҷми содирот, оид ба аҳдномаи басташуда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ барои таҳвили муҳсулоти кишоварзӣ, оид ба ҳолати таъмин бо воситаҳои ҳамлу нақл ва мавҷудияти воситаҳои махсус барои ташкили беталафи содироти саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба содирот баён гардиданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни баррасии масъалаҳо иброз намуд, ки давлатҳои хориҷӣ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла пиёз таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кори ситод он аст, ки барои содироти ин навъи муҳсулот ба соҳибкорони ватанӣ сабукиҳо ва дастгирии ҳамаҷониба зоҳир карда шавад.

Дар ҷамъбаст ба масъулин ва аъзои ситоди корӣ супоришҳо дода шуданд.

АКСҲО аз Вазорати кишоварзӣ

Май 28, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд