Дар Душанбе таҳти унвони «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» бо иштироки коршиносону мутахассисони ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи “Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ” маърӯза намуда, зикр дошт, ки “ҷангҳои менталӣ ҳамчун зӯроварии иттилоотии психологӣ, зеҳнӣ ва идеологӣ тавассути истифода аз воситаҳои миқдоран ва сифатан бешумори маънавии моддӣ сурат мегирад. Истодагарӣ бар зидди ҷанги менталӣ дорои роҳи ягона аст, ки ин тақвияти рӯҳияи халқ ва шаҳрвандони алоҳида, муҳаббати самимии онҳо ба марзу буми худ ва соҳиб будан ба эҳсоси волои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад”.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Давлат замоне рушд мекунад, ки шаҳрвандонаш аз нигоҳи ақливу зеҳнӣ мустаҳкам ва тафаккури солим дошта бошанд.
Коршиносон муайян намудаанд, ки зери мафҳуми амнияти миллӣ таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарзи ҳаёти солими инсонӣ ва таҳти маҳфуми амнияти зеҳнӣ масъалаҳои вобаста ба иқтидори зеҳнии миллат, нигоҳ доштани маҳсули меҳнати фикрӣ ва ҳимояи меҳнати зеҳнӣ фаҳмида мешавад. Вайроншавии амнияти зеҳнӣ барои мардум оқибатҳои генетикӣ ба вуҷуд оварда, ба генафонди меҳнат таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои “Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ”, “Амнияти зеҳнӣ – ҷузъи муҳими амнияти миллӣ”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамчун кафили амнияти зеҳнӣ дар низоми амниятӣ миллӣ”, “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – калиди амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Омилҳои асосии муҳоҷирати зеҳнӣ ва роҳҳои пешгирии он” ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.









«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






