Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими илмӣ дар асарҳои занон-олимони тоҷик баррасӣ шуданд

Май 27, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 27.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Осорхонаи  миллии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои занон-олимони ҷумҳурӣ» Конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамила Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва устодону профессорони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар конфронс зикр шуд, ки “зан-модар таҷассуми симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат ва ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд”.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода баён намуд, ки «дар ҳамаи иқдомҳои наҷиб ва дастовардҳои таърихии миллати шарафманди тоҷик хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, хеле бузург аст».

Ҳамзамон дар доираи конфронси мазкур таҳти унвони «Дастовардҳои илмии занон-олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии  Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова мусаввараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари занон-олимони тоҷик ва саҳми боризи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни кишвар ва дар арсаи илми ватаниву умумибашарӣ нишон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Дастовардҳои илмии занон-олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 1 июн  идома меёбад.

Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 27, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид