Дар шаҳру ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон стансияҳои автоматикии метеорологӣ насб шуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон — Роғун, Турсунзода, Варзоб, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Темурмалик, Дарвоз 7 адад стансияи автоматикии метеорологӣ насб гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Стансияҳои насбгардида тамғаи AWS-310 «VAISALA-Finland» буда, дар онҳо аз рӯи мушаххасоти суръати шамол, самти шамол, ҳарорати ҳаво, намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, миқдори бориш, радиатсияи офтоб ва баландии қабати барф мушоҳидаҳои ҳавосанҷӣ гузаронида мешаванд.
Стансияҳои автоматикии метеорологӣ бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги боду ҳаво бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) барои Агентии обуҳавошиносӣ дастрас ва насб карда шуданд.
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати мукаммал гаштани мониторинги боду ҳаво, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологии аҳолии ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






