Дар Суғд озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи майи соли равон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Кумитаи тадорукот, озмуни вилоятӣ дар ду давр доир шуда, даври дуюми он охири моҳи май сурат мегирад. Иштирок дар озмун маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ дар он иштирок намоянд.
Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Ҳамзамон шахсоне, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 ҳазор сомонӣ ва 1000 сомонӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
АКС аз МИҲД в. Суғд








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






