«ЭЪҶОЗИ СУХАН». Таҳти ин унвон дар Кумитаи телевизион ва радио озмуни адабӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо довталабони озмуни адабии «Эъҷози сухан» мулоқот намуд.
Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои банди 21-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Баъд аз эълони баргузории озмун ба унвони котиботи он аз номи бештар аз 160 довталаб аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дархости ширкат ворид шуд.
Мувофиқи низомнома, маҳорати иштирокдорон аз рӯйи ду номина- китобхонӣ (ҳама навъи осори бадеӣ, илмӣ ва ғ.) ва шеърдонӣ (ҳама навъи асарҳои назмӣ) аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ карда мешавад.
Раиси кумита шарту қоидаҳои озмунро шарҳ дода, изҳор намуд, ки дар ҷараёни арзёбии маҳорати довталабон ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
Зикр гардид, ки тибқи низомнома, иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод буда, дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ ва қироати шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) аз дилхоҳ забон истифода намояд.
Бинобар фароҳам овардани фурсати мусоид ҷиҳати намоиши маҳорат барои ҳар иштирокчӣ озмун давоми 4 рӯз: 31 май, 1, 2 ва 3 июни соли 2021 зери шиори “Адолат ва садоқат ба Ватан” баргузор мегардад ва рӯзи ниҳоӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.
Барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номина 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номина 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номина 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.
АКСҲО аз Кумитаи ТВ ва радио








Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






