Имконияти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон хеле зиёд аст. Ташреҳи шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон дар низоми робитаҳои байналмилалии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мавқеи хеле муҳим касб мекунад. Ҳоло робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию-техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқоти мунтазами сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. То ин ҷониб миёни ду кишвар беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба тасвиб расидаанд, ки аз шарикии стратегии ду кишвари бо ҳам дӯст дарак медиҳанд.
Сардори раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Абдураҳмонов мегӯяд, ки Қазоқистон миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол мекунад. Новобаста аз он ки соли сипаришуда бо сабаби пандемияи Ковид-19 ҳаҷми гардиши мол каме коҳиш ёфт, вале дар оғози соли 2021 гардиши тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли рушд аст. Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ 363 млн. доллари ИМА ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 25,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, воридот 265,7 млн. доллар ва содирот 97,3 млн. долларро ташкил додааст, ки ҳаҷми воридот 0,6 млн. доллар коҳиш ва содирот 26 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Сохтори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қазоқистон маъдану кансентрантҳо, нӯшокӣ ва афшураҳо, нахи пахта, меваю сабзавот ва ғайра ташкил медиҳанд. Аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба давлати мо гандум, гази моеъ, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти кимиёвӣ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, орд, равғани растанӣ ва ғайра ворид мешаванд. Ба иттилои масъулин, 98% орд ё гандум ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад. Давоми чор моҳи соли 2021 ба ҷумҳурӣ ба андозаи 53,3 млн. доллари ИМА гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 27,% афзоиш ёфтааст. Аммо воридоти гази моеъ нисбат ба чор моҳи соли 2020 ба андозаи 4,2 млн. доллар кам гардидааст.
-Рушд додани робитаҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон барои сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бозори ин кишвар шинохти хуб низ доранд,- гуфт сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Дилшод Шарифӣ.
Ба андешаи Дилшод Шарифӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар солҳои наздик бояд то ба 2 млрд. доллар расонида шавад ва барои ин имконияти истифоданашуда хеле зиёд аст.
Бо мақсади такони тоза бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон харитаи роҳ барои солҳои 2019-2022 ҷиҳати афзоиши гардиши мол татбиқ гардида истодааст. Инчунин дар чорчӯби Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содиротӣ ҳамкорӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки чанде пеш доир шуд, марҳилаҳои нави ҳамкориро фароҳам месозад, изҳор дошт Дилшод Шарифӣ.
Ҷумҳурии Қазоқистон хостори содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Тибқи таҳлилҳо, беш аз 50% маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон танҳо ба ин кишвар содирот мешавад. Аз ҷумла, дар бозори истеъмолии Қазоқистон талабот ба меваҳои хуштамъи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Дар ин зимн соҳибкоронро зарур аст ҷиҳати басту банд ва ба стандарҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулоти содиротӣ тадбирҳо андешанд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маркази яклухти логистикӣ бунёд карда мешаванд. Дар марказҳои логистикии мазкур, ки бунёдашон дар минтақаҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, деҳқонон имкон доранд маҳсулоташонро банду баст намуда, худашон мустақиман ба бозорҳои Ҷумҳурии Қазоқистон содирот намоянд. Ба андешаи Дилшод Шарифӣ, тадбири мазкур имкон медиҳад, ки миёнаравҳо аз байн бурда шаванд, нархи маҳсулот танзим карда шавад, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ба миён оянд. Таъсиси чунин марказҳои логистикӣ на танҳо ба содироти маҳсулот равона шудааст, балки барои нигаҳдории он ва таъмини бозори истеъмолӣ низ муфид арзёбӣ мешавад.
Иқтисодшиноси тоҷик, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғайрат Ғаюров мегӯяд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, коркарди маснуоти кӯҳӣ, саноати сабук, роҳу нақлиёт ва коммуникатсия аз ҷумлаи соҳаҳои ояндадори фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешавад.
“Имрӯз дар ҷумҳурӣ бо иштироки соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 90 корхона фаъолият мекунанд. Сармоягузориҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли рушд буда, имконият медиҳад, ки сармоягузориҳо боз ҳам беҳтар гардонида шаванд. Бо назардошти иқтидорҳои табиии Тоҷикистон имконият вуҷуд дорад, то ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ низ рушд ёбад”,- иброз намуд Ғайрат Ғаюров.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»