Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи меҳнат таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рӯзи меҳнат таҷлил карда мешавад. Қаблан ин идро Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии коргарон меномиданд.
То пошхӯрии ИҶСШ, дар Тоҷикистон ба шарафи ин рӯз намоишҳои коргарон, аз қабили аёдати ҳамдигар ва баромадан ба саҳро ҷиҳати таҷлили ин ҷашн доир мешуданд. Аз соли 1990 инҷониб намоишҳо гузаронида намешаванд. Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамасола дар ин рӯз ярмаркаҳои хӯрокворӣ ва гаштугузорҳои оммавӣ дар боғҳо ташкил карда мешаванд.
Соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти пешниҳодкардаи Ҳукуматро ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои истироҳат» тасдиқ карданд. Тибқи он 1 май дар ҷумҳурӣ бидуни рӯзи истироҳат таҷлил карда мешавад. Меҳнаткашони Тоҷикистон идро дар ҷои кор ҷашн мегиранд.
Бори аввал Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии коргарон соли 1890 дар Австрия-Венгрия, Белгия, Германия, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Франсия, Шветсия ва баъзе дигар кишварҳо таҷлил карда шуд.
Муддати тӯлонӣ якуми май рамзи инқилоб, муборизаи оштинопазири синфӣ буд, тобиши сиёсӣ дошт ва бо намоишҳои дорои портретҳои ороишёфтаи сиёсатмадорон, пешвоёни истеҳсолот, шиорҳо, даъватҳо, плакатҳо ва диаграммаҳо дар бораи дастовардҳо дар ин ё он соҳаи хочагии халк, илм ва маданият таҷлил мешуд.
Имрӯз ин ид дар 142 кишвар ҳамчун 1 май ё душанбеи аввали моҳи май таҷлил карда мешавад.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






