Имрӯз даври ниҳоии «Евровидение-2021»: онро дар куҷо ва кай метавон тамошо кард

Май 22, 2021 11:39

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби озмуни «Евровидение-2021» ба зудӣ муайян хоҳад шуд. Имрӯз, 22 май, сарояндагон аз 26 кишвари ҷаҳон дар саҳнаи «Ahoy» дар Роттердам ҳунарнамоии ҳалкунанда хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ тамошобинон ҳунарнамоии  иштирокчиён аз Россия, Албания, Исроил, Белгия, Малта, Португалия, Сербия, Британияи Кабир, Швейтсария, Исландия, Испания, Молдова, Германия, Финландия, Франсия, Булғористон, Литва, Украина, Озарбойҷон, Норвегия, Нидерланд, Италия, Шветсия ва Сан-Мариноро тамошо мекунанд.

Бинобар озмоишҳои мусбати коронавирус, намояндагони Исландия, Полша ва Австралия онлайн иштирок менамоянд. Айни замон сарояндагон аз Руминия ва Малта дар инзивоъ қарор доранд.

Россияро дар «Евровидение-2021» зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин муаррифӣ мекунад. Манижа суруди «Russian Woman» («Зани рус»)-ро  хоҳад намуд. Имоӯз ӯ дар қисми якуми даври ниҳоӣ таҳти рақами 5 суруд мехонад. Марҳилаи ниҳоӣ бо ҳунарнамоии  сароянда аз Кипр Елена Тагрин бо суруди El Diablo  оғоз мегардад.

Соли 2021 «Евровидение-2021» дар шакли ҳузурӣ бо риояи масофаи иҷтимоӣ- 1,5 метр, санҷиши ҳатмии коронавирус, безараргардонӣ ва дигар чораҳои бехатарӣ баргузор мешавад.

Ҳузури намояндагони ВАО дар Роттердам манъ мебошад: онҳо маҷбуранд, ки мисли аксари мухлисони озмун дар саросари ҷаҳон пахши мустақими онро тамошо кунанд.

Даври ниҳоии «Евровидение-2021»-ро дар куҷо метавон тамошо кард

АМИТ «Ховар» пайгирӣ хоҳад кард, ки кӣ дар озмуни асосии суруди сол ғолиб меояд.

Пахши мустақими даври ниҳоӣ 22 май соати 00:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Онро дар якчанд манбаъҳо метавон тамошо кард.

Барои шунавандагони русзабон даври ниҳоиро Шабакаи аввали телевизиони Россия мустақиман пахш мекунад. Пахши барномаро метавон ҳам тавасссути телевизор ва ҳам дар сомонаи https://www.1tv.ru/ тамошо кард.

Ҳамчунин онҳое, ки забони англисиро хуб мефаҳманд, метавонанд баромади сарояндагонро дар саҳифаи расмии «YouTube»-и озмун ҳамроҳ бо тамошобинони тамоми ҷаҳон тамошо кунанд.

АКС: eurovision.tv

Май 22, 2021 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон