Иштирокчии ҷанг, сокини ноҳияи Қӯбодиён Мамат Тошматов низ аз кумаки Пешвои миллат баҳраманд гардид

Май 6, 2021 15:19

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1941-1945), истиқоматкунандаи деҳаи Миршикори ҷамоати деҳоти ба номи Э.Ниёзови ноҳияи Қӯбодиёни вилояти Хатлон Мамат Тошматови 95-сола ҳам аз кумакпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қӯбодиён ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Тоҳир Каримзода  бо намояндагони мақомоти иҷроияи  ноҳияи мазкур ба аёдати  Мамат Тошматов рафта,  маблағи 10 ҳазор сомонӣ -кумакпулии якдаъфаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он кас супориданд.

Иштирокчии ҶДҶ  Мамат Тошматов барои чунин ғамхорию қадршиносӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос намуда, зикр  кард, ки аз ин иқдоми наҷиб  ниҳоят хушҳол ва фараҳманд аст, зеро пас аз ин гуна таваҷҷуҳи  Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат кас худро  танҳою нотавон  эҳсос намекунад.

Мамат Тошматов  барои пояндагии   сулҳу ваҳдати миллӣ  ва осоиштагии ҷовидонаи Тоҷикистон, муваффақиятҳои беназир ва барори кор  дар фаъолияти  Пешвои миллат даст ба дуо бардошта, насли наврасро ба дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқона кардан ба миллат  даъват намуд.

Мамат Тошматов ҳамчунин  дар ҳаққи  сарбозоне, ки охири моҳи апрел дар шаҳри Исфара  барои  дифоъ аз марзу буми Ватан ҷони худро фидо карданд,  дуои хайр намуда, иброз дошт, ки  корнамоии ин фарзандони ҷасури Ватан дар хотираҳо абадан боқӣ мемонад.

Май 6, 2021 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид