Иштирокчии ҶДҶ Зайнулло Алиеви 103-сола: Ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистони осоишта бирасед!
ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ба аёдати иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини шаҳри Бохтар Зайнулло Алиеви 103-сола рафта, бо вазъи солимӣ ва шароити зиндагии ӯ аз наздик шинос гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Зайнулло Алиев дар муҳорибаҳои ҶДҶ солҳои 1941-1945 бар зидди фашизм иштирок карда, дар муҳофизати Ватан саҳми муносиб гузоштааст.
Зимни суҳбат Зайнулло Алиев қисса кард, ки дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз чӣ мушкилоти сангинеро аз сар гузаронидааст. Аз ин рӯ мардуми кишварро даъват менамояд, ки ба қадри тинҷию сулҳу суботи Тоҷикистони осоишта расида, баҳри боз ҳам обод гаштани он меҳнати фидокорона намоянд.
Зайнулло Алиев имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ ронда, аз имтиёзҳое, ки давлату Ҳукумати мамлакат баҳри иштирочиёни ҶДҶ муқаррар намудааст, истифода мебарад.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ба ӯ як миқдор маблағи пулӣ низ кумак карданд. Қиёмиддин Миралиён зимни суҳбат гуфт, ки таърих заҳмату ҷонбозиҳои шахсиятҳои ватандӯстро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва насли ҷавон аз корнамоиҳои шумо барин инсонҳои фидоӣ мефахрад.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






