Истиқлол» ба марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 баромад

Май 1, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол- дастаи «Истиқлол»- и Душанбе ба марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 баромад, агарчанде ки дар даври  ниҳоии марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дастаи «Истиқлол» аз дастаи «АГМК»-и Ӯзбекистон бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуда буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Новобаста аз бохт «Истиқлол» бо ишғоли зинаи аввал дар якумин иштирокаш дар Лигаи чемпионҳои КФО-2021 аввалин бор ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ баромад.

Акнун дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 «Истиқлол» бо ғолиби гурӯҳи E- «Персеполис»-и Эрон, ки соли гузашта ба финали мусобиқа роҳ ёфта буд, бозӣ мекунад. Вохӯрӣ бояд 13 ё 14 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 6-ум

 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Ӯзбекистон) – 1:2

Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1). Йован Ҷокич, 79 (0:2). Рустам Соиров, 87 (пен) (1:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷураев, 81), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Ҷалилов.

«Ал-Ҳилoл» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:2

Минтақаи Ғарб

1/8-финал

 13-14 сентябр

ИСТИҚЛОЛ (ТОҶИКИСТОН) — Персеполис (Эрон)

Шарҷа (АМА) — Ал-Ваҳда (АМА)

Эстеглал (Эрон) — Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ)

Ан-Наср (Арабистони Саудӣ) — Трактор (Эрон)

АКС аз ФФТ

Май 1, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд