КҲФ ва МГ Тоҷикистон зарари низои мусаллаҳонаро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян мекунад

Май 3, 2021 13:58

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян кардани зарари низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров хонаҳои зарардидаи се ҷамоати Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаҳои Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро тадқиқ мекунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти кумитаи мазкур  иттилоъ медиҳад, мутобиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи низоъ дар ҳудуди 3 ҷамоати Исфара 14 бинои истиқоматӣ пурра хароб шуда, 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон қисман зарар дидаанд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёна ва хонаи истиқоматӣ дар ҳудуди деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров зарар дидаанд.

Комиссияҳои эвакуатсионии Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ​​ва ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ қарор доштанд, ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд. Дар айни замон ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода кори худро идома медиҳад.

АКС аз агентии «Sputnik»

Май 3, 2021 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон