Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маоши панҷрӯзаашонро ба суратҳисоби осебдидагони офати табиӣ дар Хатлон гузарониданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маоши панҷрӯзаашонро ба суратҳисоби махсус барои осебдидагони офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия кушода шудааст, ирсол намуданд.
Дар ин бора аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр гардид, ки кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари аз офати табиӣ хисороти ҷонӣ ва моддӣ дидани сокинони баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо изтироб ва андӯҳи зиёд қабул намуда, омодагӣ ва ҳамраъйии худро ҷиҳати якҷоя бартараф сохтани оқибатҳои он иброз медоранд.
-Умедворем, ки ин кумаки беғаразона ҷиҳати бартараф намудани хисороти моддӣ ва маънавии ҳамдиёрони аз офати табиӣ осебдида каме ҳам бошад мусоидат мекунад,-иттилоъ дод манбаъ.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






