Корнамоии сарҳадбонони Қазоқистон ҳеҷ гоҳ аз ёди халқи тоҷик зудуда намешавад

Май 20, 2021 12:35

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Халқи тоҷик, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт, корнамоии сарҳадбонони қазоқро, ки ҳангоми хизмат дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҷони ҷавони худро қурбон кардаанд, абадӣ дар ёд хоҳад дошт. Инчунин ба Қазоқистони бародар, ки дар солҳои душвори ташаккули давлатдории тоҷикон дар симои фарзандони беҳтаринаш ба кумак омада буд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Моҳи январи соли 1993, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сарони давлатҳои ИДМ Созишнома дар бораи ҳифзи муштараки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба имзо расониданд. Баталйони муттаҳидшудаи Қазоқистон, ки аз ҳисоби ҳайати низомии Вазорати мудофиа, Хадамоти марзбонии КАМ ва Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил ёфтааст, тӯли ҳашт сол вазифаи ҳукуматиро дар ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон иҷро кард.

Муҳофизати муштараки марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Тоҷикистон ва Россия бо дастгирӣ, кумак ва иштироки фаъолонаи марзбонони Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар он давраи душвор намунаи воқеии ҳамкории самараноки байнидавлатӣ ва сарҳадиро барои манфиати амнияти кишварҳои Иттиҳод нишон дод.

Нақши махсус ба баталйони 24-уми алоҳидаи муттаҳидшудаи Хадамоти сарҳадбонии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон тааллуқ дорад. Тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, ин воҳид ба ҳайати неруҳои дастаҷамъии сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон шомил буд. Баталйон, ки яке аз қитъаҳои душвортарини отряди сарҳадии Қалъаи-Хумбро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон муҳофизат мекард, дар тӯли ин ҳама солҳо намунаи далерӣ, мардонагӣ, устуворӣ, садоқат ба вазифаи худ ва муносибати касбӣ  дар роҳи ҳифзи сарҳад буд. Дар сафи қисми ҳарбӣ беш аз 5000 нафар хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат карданд. Аз моҳи июни соли 1993 то феврали соли 2001, зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷанговарон — қазоқистониён сарҳадҳои ҷанубии ИДМ-ро ҳимоя карданд. Дар асл, инҳо аввалин посдорони сулҳ аз Қазоқистон буданд.

Неруҳои посдори сулҳ аз Қазоқистон вазифаи ҳарбии худро дар роҳи ҳимояи марзҳои Тоҷикистони бародар бошарафона иҷро карданд ва  сазовори ситоишу таҳсини олӣ мебошанд.

Ҷалб ба баталйони Қазоқистон дар маҳалли ҷойгиршавии қисмҳо сурат гирифт. Дар қӯшунҳои сарҳадӣ интихоб хуб буд. Номзадҳоро аз тренингҳо мегузарониданд.

Ҳамаи 24 баталйон, ки барои тақвияти гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буданд, беш аз 10 300 нафар қазоқистонӣ (марзбонон беш аз 5000)-ро ташкил медоданд. Аз санҷиши сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва Вазорати мудофиа  гузаштанд.

Дар тӯли ҳашт сол дар соҳили дарёи Панҷ баталйонҳои муттаҳидаро фарзандони Қазоқистон – сарҳадбонон роҳбарӣ мекарданд. Бояд гуфт, ки дар охири солҳои 90-уми асри гузашта, вақте вазъ дар кишвар ва марзи Тоҷикистон ва Афғонистон каме ба эътидол омад, намояндагони Вазорати мудофиа ва неруҳои дохилии ин кишвар баталйонро тарк карданд.

Бо таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистони дӯст хизматчиёни ҳарбии баталйони 24-ум талафоти гарон диданд. Дар ҷангҳои шадид бо гурӯҳҳои фаромиллӣ ва фурӯшандагони маводи мухаддир 32 сарбози қазоқ кушта ва 38 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Сарфи назар аз хатар, қазоқистониҳо ҳамеша дар ҳолатҳои муҳимтарин ба ҳамтоёни рус ва тоҷики худ дасти ёрӣ мерасониданд. Марзбонони Россия корнамоии сержант Ботирхановро, ки моҳи апрели соли 1995 дар хоки Тоҷикистон ҳалок шуда буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Дар лаҳзаҳои шадиди ҷанг, сержант Ботирханов бо тани худ пеши роҳи оташи силоҳро гирифта, бо ин  ҷони бисёр марзбонони русро наҷот дод.

Ҳар як сарбози баталйон, новобаста аз мансаб ва рутба, ҳамеша омода буд, ки вазифаи худро то охир иҷро кунад. Ҳамин тавр, сардори қисми тиббии баталйон, майор Кайрат Гусманов дар набарди шадиди 2 январи соли 1995, бо вуҷуди зарбу лат дидани тамоми баданаш, дар сафи худ монд ва ӯ на танҳо ба маҷрӯҳон кумак расонд, балки ба сӯи душман низ аз пулемёт тир кушод.

Бояд махсус зикр кард, ки иҷрои намунавии вазифаи ҳарбӣ аз ҷониби муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Қазоқистон полковник Бузубаев, дипломатия ва касбияти баланди ӯ дар охири соли 1994 барои ба эътидол овардани вазъ дар марз нақши муҳим бозид. Командирони баталйон майорҳо Юрий Лобачев ва Н.Садиков, инчунин фармондеҳи қисмҳо капитан Тюлкубаев ва прапоршик А.Алтуков вазифаҳои худро ба таври намунавӣ иҷро карданд.

Аҳамияти сарҳади давлатӣ ҷовидонист. Наслҳои зиёди посдорони марзҳои давлатӣ бо меҳнати сангин ва размиашон, аксар вақт бо қимати ҷони худ ин ҳақиқати бебаҳсро исбот карданд. Рафиқони ҳамсангари мо аз Ҷумҳурии Қазоқистон низ дар ин пайкор истисно набуданд.

Аз он фоҷеаи баталйони ҷудогонаи муттаҳидшудаи тирандозии Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз дуним даҳсола сипарӣ шуд. Ҳамаи ин танҳо дар хотираи иштирокчиёни он ҳодисаҳо боқӣ монд ва дар бойгонии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон нигоҳ дошта мешавад.

Баталйони Қазоқистон бо сардории майор Лобачев барои кумак ба отряди сарҳадии Қалъаи-Хумб, ки яке аз қитъаҳои хатарнок ва пуршиддати сарҳадист, фиристода шуд.

Вазъ дар Қалъаи-Хумб дар охири тирамоҳи соли 1994, вақте ки қумандони саҳроӣ Ризвон Содиров мехост Дарвозро ғасб карда, Бадахшонро аз ноҳияҳои марказӣ ҷудо кунад ва онҷоро ба майдони амалиёти ҳарбӣ (платсдарм ) барои давлати нави мустақил табдил диҳад, авҷ гирифт. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф алайҳи марзбонон амалҳои иғвоангезона оғоз шуданд.

Баҳори соли 1995 фармондеҳии гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки посгоҳи махсуси сарҳадии «Пшихарв» -ро таъсис диҳад, зеро дар он сӯи дарёи Панҷ, дар дараҳои Дарвози Афғонистон отрядҳои калони гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи мухолифини тоҷикон буданд. Ин яке аз қисматҳои мувофиқи марз барои онҳо буд, ки тавассути он ба Тоҷикистон ҷангиён, силоҳ, муҳимот, пул ва маводи мухаддир интиқол дода мешуданд.

7 апрели соли 1995, дар дараи Пшихарви Дарвоз ротаи ҳафтуми муттаҳидшудаи Қазоқистон ба доми таъсисдодаи неруҳои мухолифини тоҷик афтод. Дар натиҷаи набарди панҷсоата сарҳадбонон 17 нафарро талаф доданд ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Корвони иборат аз даҳҳо мошин соати 12:30 ба дара даромада, таваққуф кард, аз он фармондеҳи ротаи муттаҳидшуда бо чанд сарбоз баромад ва ба кӯҳ баромадан гирифт, то барои мушоҳида мавқеи муносибе ёбад. Ҳангоме қисми аввал ба кӯҳҳо баромад, боқимонда сарбозон дар мошинҳо монданд. Дарҳол мошини алоқаи фармондеҳӣ-ситодӣ, ки бо отряди сарҳадӣ гуфтушунид мекард, аз кор бароварда шуд, зиреҳпӯши асосӣ бо гранатамётҳо мавриди ҳамла қарор дода шуд. Баъдан ба таври муназзам нест кардани одамон ва таҷҳизот оғоз ёфт. Афсаронеро, ки ба кӯҳ баромада буданд, аз тири снайперҳои мақсаднок аз корвон ҷудо карданд. Тибқи шаҳодати наҷотёфтагон, дар аввал мардумро ваҳми воқеӣ фаро гирифт, алалхусус онҳое, ки бори аввал дар ин ҷо буданд. Сарбозон кӯшиш мекарданд, ки паноҳгоҳ ёбанд. Баъзеи онҳо бе фурсати фаҳмидан ва коре кардан дарҳол фавтиданд.

Нофаҳмиҳои аввала зуд ба амалҳои қатъӣ иваз карда шуданд — автоматҳо, пулемётҳо ва милтиқҳои снайпер дар ин ҷо ва он ҷо бо навбат баланд ва  кӯтоҳ садо медоданд… Тавре баъдтар маълум шуд, ҷангиён чунин муқовимати шадидро аз ҷониби сарҳадбонон интизор набуданд. Вақте аз Қалъаи Хумб неруҳои иловагӣ омаданд, ҷанг қатъ шуд…

Соли 2007 генерал-полковник Павел Тарасенко, ки он замон сардори Раёсати неруҳои сарҳадии Россия дар Тоҷикистон буд, чунин гуфт: «Бо ҷониби Афғонистон баъзе созишномаҳо мавҷуд буданд ва баталйон бидуни муҳофизат ва иктишофи зарурӣ гузашт. Вақте он ба дараи танг даромад, дар тарафи Тоҷикистон танҳо як санги амудӣ буд ва аз соҳили Афғонистон аз масофаи 50-60 метр ба сӯи онҳо тир паронданд. Талафот даҳшатнок буд: зиёда аз сад нафар ҳалок шуданд ва тақрибан 150 нафар маҷруҳ гардиданд. Қисми баталйон танҳо ба туфайли қаҳрамонии сарнишинҳо ва гурӯҳҳои махсуси иктишофӣ, ки мустақиман дар қаторкӯҳҳо нишастанд ва ба дара фаромаданд, то оташро ба худ гиранд, наҷот ёфт.

Филми мустанади «Казбат» -и коргардон Рустам Одинаев, ки соли 2009 ба намоиш гузошта шудааст, ба посдорони сулҳи Қазоқистон бахшида шудааст.

Филми мустанад дар бораи ҳодисаҳое, ки соли 1995 рух додаанд, таҳия шудааст.

Тибқи ёддоштҳои сокинони ноҳияи Дарвоз, сарҳадбонони Қазоқистон зимни адои хизмат дар сарҳад илова бар вазифаҳои мустақими худ ба аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра ва интиқоли осоиштаи борҳо кумаки беғаразона мерасонданд, зеро он замон мушкили бузурги нақлиётӣ пеш омада буд. Дар посух мардуми маҳаллӣ ба сарҳадбонони Қазоқистон бо самимият ва меҳмоннавозӣ муносибат карданд ва ба онҳо дар бораи иғвоҳои эҳтимолии соҳили дигари Панҷ ҳушдор доданд. Дар деҳаҳо аҳолӣ сарҳадбонони Қазоқистонро ҳамчун меҳмонони азиз ба тӯйҳо, таваллуди кӯдакон, маросими хатна ва дигар маросими ботантана даъват мекарданд. Яъне, сарҳадбонони Қазоқистон ҳамеша меҳмони олиқадр буданд.

15 декабри соли 2007 дар Душанбе дар боғи Дӯстии халқҳо Муҷассамаи сарбозони қазоқ, ки зимни адои хизмат дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳалок шудаанд, ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи Муҷассама хешовандони наздики қурбониён, мақомоти баландпоя ва шахсони расмии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.


Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Еркембоев, нозири генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенант Бахитжан Эртаев, муовини директори Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон полковник А. Абулконов, инчунин афсарони Гурӯҳи фаврии сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Россия, намояндагони корпусҳои дипломатии мустақар дар Душанбе, фармондеҳони собиқи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ҷангиён ва волидайни сарҳадбонони қурбоншуда суханронӣ намуданд. Меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханрониҳои худ ба халқи тоҷик барои поси хотири қазоқистониҳои қурбоншуда изҳори миннатдорӣ карданд.


Намояндагони Тоҷикистон зимни суханронии худ тазаккур доданд, ки мардуми тоҷик ҳама кумакҳои муассир ва амалии сарҳадбонони Қазоқистонро дар ҳифзи марзҳои ИДМ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Муаллифи ин сатрҳо дар маросим шахсан ширкат варзида, чашмони модарони қазоқро пур аз ғаму андӯҳ нисбат ба писарони фавтидаашон дид ва ҳамзамон барои ҳифзи хотираи корнамоии марзбонон сипосгузорӣ кард.


Бо фармони Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қурбоншуда бо орденҳои «Айбын» дараҷаи II ва 12 нафари дигар бо медали «Жауынгерлік ерлігі үшін» мукофотонида шуданд. Аксари сарбозони қурбоншуда аз қисми низомии 6506-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон буданд.

Хизматчиёни ҳарбии қурбоншуда инҳо мебошанд:

  1. Еркен Байгобисов,
  2. Бауржан Далабаев,
  3. Имамоддин Жуматов,
  4. Дастан Нурметов,
  5. Таҳир Раҳимжанов,
  6. Еркебулан Макажанов,
  7. Радик Каймулдиев,
  8. Ержан Абдиев,
  9. Жаксилик Джансугуртов,
  10. Ербол Бекебаев,
  11. Канат Едиришов,
  12. Еркин Байгобилов,
  13. Ербол Исабаев,
  14. Михаил Мартиненко,
  15. Анатолий Мешков,
  16. Алихан Огизбаев
  17. Калмахан Бакбаев.

Халқи тоҷик корнамоии сарҳадбонони қазоқро, ки сарҳадҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ивази ҷони худ муҳофизат кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

 

Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар» 

АКСҲО аз муаллиф

Май 20, 2021 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»