Кумакҳо аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Вахш дастрас гардиданд

Май 15, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 15.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 14 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳои пурбори масолеҳи сохтмонӣ ба мардуми зарардида аз офати табиии деҳаи «Ииттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш дастрас карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дирӯз ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Вахш сурат гирифт.

Раиси вилояти Хатлон аснои мулоқот бо сокинон гуфт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.

Имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон кумакҳои моддӣ расонида шуда истодаанд.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ноҳияи Вахш ҳашари вилоятӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки бар асари сели шаби 11 май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз лой пур шуданд.

Май 15, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид