Кумакҳои Пешвои миллат ба Назар Одинаев ва Достӣ Умедов — иштирокчиёни ҶДҶ дар ноҳияи Сангвор дастрас гардиданд

Май 7, 2021 09:20

САНГВОР, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор  ҳамагӣ ду нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Назар Одинаев ва Достӣ Умедов боқӣ мондаанд, ки дар деҳаҳои Лангар ва Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд.

Дар арафаи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати мамлакат,  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода  ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода ба аёдати  ин пирони барнодил рафтанд.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии онҳо аз наздик шинос шуда, салому паём ва туҳфаҳои Сарвари давлатро ба онҳо расониданд.

Зикр шуд, ки ба қадри хизмату ҷонбозиҳои ин мардони шариф, ки баҳри ҳимояи Ватан дар он набарди таърихӣ бар зидди  душмани қаттол сина сипар намуданд, бояд расид, зеро шумораашон сол ба сол кам мешавад.

Пирони барнодил аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат пайваста бархурдор  буда, аз ин кумаки навбатӣ бениҳоят хушҳол шуданд ва дар ҳаққи Пешвои миллат дуои нек намуданд.

            АКСҲО аз МИҲД ноҳияи Сангвор

Май 7, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад