Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои мониторинги ҳавои атмосферӣ ду авто-озмоишгоҳи сайёр дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги ҳавои атмосферӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) ду авто-озмоишгоҳи сайёр барои мониторинги ҳавои атмосферӣ ворид намуд.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки озмоишгоҳҳои сайёр рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Озмоишгоҳҳои сайёр барои дастрас намудани маълумоти фаврӣ ва дақиқ оид ба вазъи олудагии ҳавои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Таҷҳизоти дар озмоишгоҳи сайёр насбгардида истеҳсоли давлатҳои Аврупо ва Россия мебошанд.
Ҳамзамон дар доираи қисмати минтақавии лоиҳа 7 стансияи худкори (автоматикӣ) метеорологӣ ва инчунин 15 компютер ва лавозимоти дигари техникӣ барои Агентии обуҳавошиносии Кумита ворид ва насб карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур ворид намудани 16 стансияи худкор оид ба мониторинги муҳити зист ва таҷҳизот ҷиҳати ташкили майдончаи таълимии метеорологӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






