15 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ниҳоди муқаддас эътироф шудааст

Май 15, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  оила ва 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маҷмааи фароғатӣ-истироҳатии “Шаршара”-и шаҳри Ҳисор ҳамоиши  идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони вазорату кумитаҳо ширкат варзида, ба 12 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба 22 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба оилаҳои намунавии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

Инчунин бахшида ба ин рӯз  дар боғи “Куруши Кабир”-и пойтахт таҳти унвони “Оилаи бехушунат” дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ҳамоиши иттилоотӣ доир шуда,  дар доираи он маводи тарғиботию ташвиқотӣ тақсим гардид.

Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила манша мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро  оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад.

Ба зикри Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилобӣ Қурбонзода, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

«Ду қонуни миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо  ба тасвиб расидаанд»,-афзуд Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ба зикри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, кӯдак маҳз дар оила  муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад. Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонист. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки оила бо ҳам дӯст ва мустаҳкам бошад.

«Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи  ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолияти дигари оиларо фаро намегирем.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф  аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо  пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд»,- мегӯяд шоири тоҷик.

Ба андешаи мавсуф, аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули  ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки  баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхорӣ меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 15, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода