Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Ҳисор шинос гардид

Май 31, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,  Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода  бо ҷараёни   корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор  шинос гардиданд. Номбурдагон  дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ  бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид ва бунёди биноҳои иловагӣ дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ, ки барои боз ҳам бештар ба истироҳату табобат фаро гирифтани сокинон ва меҳмонону сайёҳон пешбинӣ шудааст, шинос гардида,  бо сохтмончиён ва кормандони масъули истироҳатгоҳ  мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд, ки корҳои бунёдӣ дар се самт идома дошта, бо ҷалби бештари коргарону мутахассисон тақвият ёфта, дар  муҳлатҳои наздиктарин фароғатгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбарияти  осоишгоҳ барои хонандагони мактаби ибтидоии деҳаи Дарозии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бинои нави таълимӣ бунёд гардида, муассисаи мазкур дар оянда ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил меёбад.

Матлубахон Сатториён ва Шарифҷон Ҷумъазода  дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон бо ҷараёни  сохтмони бинои сеошёнаи маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар деҳаи Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод, бо корхонаи парандапарварӣ, ки тибқи лоиҳаи нав ва нодир дар ду ошёна, навбати аввал барои 20 ҳазор ва дар оянда барои парвариши 100 ҳазор паранда пешбинӣ шудааст, шинос гардиданд. Дар суҳбат бо муовини Сарвазир аз ҷониби соҳибкор зикр гардид, ки дар мавриди аввали  ба истифода додани  мурғхона 70 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кории доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни боздид аз иншооти ҷашнии Маркази муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо бинои шуъбаи бақайдгирию имтиҳонии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи  «Рушди роҳнавард» дар кӯчаи Сино, бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи Абдурауф Юсуфов ва меҳмонхонаи панҷошёна дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов муовини Сарвазир иброз дошт, ки дар ҳар сафараш ба шаҳри Ҳисор шоҳиди пешрафту тағйироти зиёд дар сохтмону ободонӣ мегардад, ки аз дастгирии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, дӯстию рафоқат, маърифати баланди ватандорӣ ва муттаҳидию ҳимматбаландии сокинон ва соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Ҳисор  дарак медиҳад.

Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбат аз корхонаи истеҳсоли орд, ки иқтидори лоиҳавиаш беш аз 25 тонна буда, дар он 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд, дидан намуданд. Дар маҳаллаи Карим Девонаи Ҷамоати шаҳраки Шарора бахшида ба ҷашни Истиқлолият ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли коғаз пешбинӣ гардидааст.  Дар хатҳои он таҷҳизоту дастгоҳҳо аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас ва насб гардида, истеҳсоли қуттиҳо, халтаву бордонҳо ва зарфҳои коғазии истифодаашон яккарата, наздик ба сад намуд бо шаклу ҳаҷми гуногун роҳандозӣ гардидааст. Дар корхона беш аз 40 нафар ба кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аксариятро занҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон дар деҳаи Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр бо корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаҳо шинос гардида, зимни мулоқот Матлубахон Сатториён сокинони деҳаро ба муносибати ҷашнҳои дарпешистода табрику таҳният гуфт ва иқдоми онҳоро мактаби тарбияи фарзандон дар дӯстдории Ватан унвон кард.

Муовини Сарвазир аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони деҳа, соҳибкорон, волидайну устодоне, ки онҳоро тарбия карда, ба камол расонидаанд,  барои корҳои ободониву созандагӣ арзи сипос намуд.  Шахсони муътабари деҳа дар навбати худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ба Сарвари кишвар бо сипосу эҳтиром дуои хайр ва  миннатдорӣ изҳор доштанд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Май 31, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд