Нақши ҷавонон дар хизмати давлатӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ» бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академия, намояндагони вазорату идораҳо ва олимону муҳаққиқони дигар муассисаҳои олии кишвар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Амид Комилбек иброз дошт, ки “Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконоти васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Имрўз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ташаббусҳои ҷавонони тоҷик дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ собит намуд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули сиёсати давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саҳм гузоранд”.
Зикр шуд, ки баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия имрӯзҳо аксари хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар конференсия дар мавзӯъҳои “Хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ҷавонон дар он”, “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон”, “Инъикоси масоили худшиносии ҷавонон дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






