Наврӯз Ҷаъфаров: Маълумотномаи COVID-19, ки дар дохили ҷумҳурӣ истифода мешавад, пурра ройгон аст

Май 4, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмоиши COVID-19 дар муассисаҳои давлатии тиббии Тоҷикистон  барои сокинон ройгон анҷом дода мешавад. Ин нуктаро  Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Ба зикри мавсуф, маълумотномаҳое, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тиббӣ барои даромадан ба муассисаҳои ислоҳӣ ва ё кор дода мешаванд, аз маълумотномаи сафар ба хориҷи мамлакат фарқ мекунанд.

«Маълумотномае, ки барои сафар кардан дода мешавад, рангаш сурх буда, маблағи он 120 сомониро ташкил медиҳад. Маълумотномае, ки дар дохили ҷумҳурӣ истифода мешавад,  пурра ройгон мебошад»,- мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.

Ҳарчанд ки аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мулоқотҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон танҳо дар асоси пешниҳоди маълумотнома иҷозат дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»