«НЕСТ БОД АНДЕШАҲОИ ҚОЛАБӢ!» Имрӯз Манижа дар нимфинали якуми озмуни «Евровидение – 2021» дар Роттердам ҳунарнамоӣ мекунад

Май 18, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Роттердам (Нидерланд) нимфинали аввали Озмуни байналмилалии сурудҳои «Евровидение-2021» баргузор мешавад. Намояндагони 16 кишвар ба саҳна мебароянд. Дар байни онҳо Россия низ ҳаст. Манижа суруди «Russian Woman» («Зани рус») -ро месарояд.

Овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар барномаи Тина Канделаки «Меҳмони махсус» ваъда дод, ки тамошобинони озмуни «Евровидение» -ро  чизи ғайричашмдошт интизор аст.

«Дар саҳна аҷубаи хеле калон сурат хоҳад гирифт. Ин посух ба саволе хоҳад буд, ки чаро вай бояд аз Россия намояндагӣ кунад», — нақл кард ҳунарпеша.

Овозхон дар посух ба саволи Тина Канделаки ба таври возеҳ шарҳ дод, ки ин аҷуба хирс нахоҳад буд. Манижа парда аз рӯи роз бардошт ва илова кард, ки онҳо як андешаи қолабии (стереотипи) хеле муҳимро дар саҳна намоиш медиҳанд ва бо он видоъ мекунанд.

Дар шабакаи Super.ru дар YouTube нашри нави намоиши (шоу) «Алена, блин!» пайдо шуд. Дар он ровӣ Алёна Жигалова бо овозхон Манижа дар бораи нажодпарастӣ, нобоварӣ ба худ, рафтори таҷовузкорона дар мактаб, ҳаёти шахсӣ ва албатта, суруди «Russian Woman» («Зани рус») суҳбат кардааст.

Овозхон гуфт, ки суруди ӯ дар озмуни «Евровидение» дар маҷмӯъ ба мубориза бо андешаҳои қолабии нисбат ба занон паҳншуда нигаронида шудааст: чӣ гуна бояд бошӣ, замоне  издивоҷ ва таваллуди фарзандон ғайра.

«Ин ҳама тамасхур нисбат ба худ аст. Нест бод андешаҳои қолабӣ!», — иқтибос овардааст суханони ӯро РИА Новости.

Дар омади гап, андешаҳои қолабӣ дар атрофи мо зиёданд, ки баъзан онҳо нолозим ва зараровар ҳастанд ва аз онҳо раҳо бояд шуд. Дар Россия яке аз чунин стереотипҳо «Россия танҳо барои русҳо» аст, ки худи Владимир Путин ахиран онро шадидан интиқод кард. Дар Тоҷикистон низ андешаҳои қолабӣ вуҷуд доранд ва тавассути қонун алайҳи онҳо мубориза мебаранд. Масалан, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2008 қабул шудааст.

Нимфинали дуюми «Евровидение-2021» рӯзи панҷшанбе, 20 май баргузор мешавад. Дар он 17 кишвар ширкат меварзанд. Аз ҳар як нимфинал даҳ нафар иштирокчиён ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ғолиби «Евровидение-2021»  22-юми май эълон хоҳад шуд. Кишваре, ки ғолиб аз он намояндагӣ мекунад, мизбони ин озмуни мусиқӣ дар соли 2022 хоҳад буд.

                                                                 Акс: AFP 2021

Май 18, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид