«Оила — саодати зиндагист!» Имрӯз таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 12, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май  дар мамлакат таҷлил карда мешавад, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оила — саодати зиндагист!» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Конференсияро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун  узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифз намудани  ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Сипас раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилобӣ Қурбонзода оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии оилаҳои осебпазир ва дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

«Қабули ду қонуни миллӣ- «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо  ба тавсиб расиданд»,-афзуд номбурда.

Сипас директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода  дар мавзӯи «Вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикситон», муовини  якуми Вазири адлия Нигина Ализода дар  бораи  “Раванди бақайдгирии ақди никоҳ дар таъмини солимӣ ва мустаҳкамкунии оила”, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода  оид ба  “Солимии зан-модар-асоси оилаи солим”, муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода дар мавзӯи “Фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода “Дар бораи  ситонидани алимент”, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухуло Олимзода доир ба “Мақоми оила ва зан дар ҷомеаи муосир, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ “Саҳми оила дар ташаккули захираҳои меҳнатӣ” ва Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода дар  мавзӯи “Пойдории оилаҳои ҷавон- омили устувории ҷомеа ва давлат” маърӯза карданд.

Сипас байни иштирокдорони ҳамоиш  ва  масъулини вазорату кумитаҳо оид ба мавзӯи мавриди назар табодули назар сурат гирифт.

Май 12, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд