Ғолибони бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Май 24, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Се бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 21-22 май дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  дар бозии хонагӣ дастаи  КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Шервонӣ Мабатшоев аз дастаи  артиш дар дақиқаи 21-уми дидор аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа аз дастаи мизбон ду гол ба номаш сабт кард. Голи дигари  дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Шарафҷон Солеҳов ба  нишон расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои  футболи   «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 2:2 анҷом ёфт. Нимаи аввал бе гол ба анҷом расид. Абдухалил Боронов дар дақиқаҳои 53 ва 63 ду гол зада,  дастаи «Файзканд»-ро ба пеш баровард. Вале душанбегиҳо тавассути Ораз Ғаюров дар дақиқаи 71 ҳисобро тағйир доданд. Бозингари  дастаи «Файзканд» Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 83 ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигар  дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Худойдод Узоқов ва Тоҳирҷон Тағойзода ба нафъи бохтариҳо ду гол заданд. Отабек Каримов аз дастаи  мизбон дар дақиқаи 90+8 як голи истаравшаниҳоро ба ҳадаф расонид.

Ду бозии дигари даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни  дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба вақти дигар гузаронида шудааст.

 

 

 

ДАСТАҲО

Б    Ғ    М    Б    Т     Т     ФТ    Х    
1. «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) 6 4 1 1 14 5 +9 13
2. «ХАТЛОН» (БОХТАР) 7 3 3 1 9 6 +3 12
3. «КӮКТОШ» (РӮДАКӢ) 8 3 2 3 10 14 -4 11
4. «ДУШАНБЕ» (ДУШАНБЕ) 7 2 3 2 12 14 -2 9
5. «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) 6 2 3 1 7 6 +1 9
6. «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) 7 2 2 3 11 11 0 8
7. «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН)     7 2 2 3 8 9 -1 8
8. «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) 3 2 1 0 4 1 +3 7
9. «РАВШАН» (КӮЛОБ) 6 1 2 3 5 8 -3 5
10. КМВА (ДУШАНБЕ) 7 1 1 5 6 12 -6 4

                                                                                                                                        

                                                                                                        Акс аз ФФТ  

Май 24, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад