Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 23.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.
Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм, ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Боксчиён бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони Чемпионати Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам», — гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев.
Ёдрас мешавем, ки Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб то 1 июн идома мекунад. Дар ин чорабинии қоравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат доранд.
Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-54кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
Мардон
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Абдураҳмон Ёқубов
-64кг – Баҳодур Усмонов (чемпиони феълии Осиё)
-75кг – Абдумалик Болтаев
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Онҳоро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг, ки ҳар ду аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии То ҷикистон бархурдоранд, кишвари моро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд. Чемпионати Осиё як имкони хуби омодагии варзишгарон ба Олимпиада мебошад.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






