Пагоҳ дар Дубай Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 май то 1 июн дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс баргузор мешавад. Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин мусобиқа аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд. Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар вазн тақдим карда мешавад. Дар ин мусобиқаи қоравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат мекунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Барои варзишгароне, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм- ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Боксчиён бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони Чемпионати Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам», — гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:
Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-54кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
Мардон
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Абдураҳмон Ёқубов
-64кг – Баҳодур Усмонов (чемпиони феълии Осиё)
-75кг – Абдумалик Болтаев
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд, намояндагӣ мекунанд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид






