Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба хурофотпарастӣ, экстремизм ва радикализми динӣ- ин бесаводист»

Май 21, 2021 12:08

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд». Чунин зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони  кишвар, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. «Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд».

Президенти Тоҷикистон вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимро супориш доданд, ки  бо ҷалби васеи зиёиён ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат бахшида, иштироки боз ҳам фаъолтари онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.

Дар ин раванд зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасон тақвият дода, дар ин самт ҳарчи бештар чорабиниҳои таъсирбахш амалӣ карда шаванд,- таъкид карданд Сарвари давлат.

АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 21, 2021 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Душанбе дар мавзуи муқовимат ба экстремизм ва терроризм конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»