Пешвои миллат марзбононро сипари боэътимоди Тоҷикистон номиданд

Май 28, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марзбонони кишварро, ки шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд, сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромӣ номиданд. Дар ин бора Сарвари давлат имрӯз дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ изҳор доштанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.

«Солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд», — зикр  карданд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат сарҳадбононро ба зиракӣ дар ин давраи душвор даъват карда, таманно намуданд, ки низомиён ба таври сазовор барои Ватан, давлат ва халқ хизмат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд.

                          АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 28, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад