Путин дастур дод, ки қоидаҳои гардиши силоҳро шадидтар кунанд

Май 12, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз тирандозӣ дар мактаби Қазон президенти Россия Владимир Путин дастур дод, ки масъалаи шадидтар кардани қоидаҳои гардиши силоҳи шаҳрвандиро фавран дида бароянд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба котиби матбуоти президент Дмитрий Песков хабар дод.

«Ба [сардори Гвардияи Россия Виктор Золотов] дастури алоҳида дода шуд, ки фавран тартиби нав дар бораи намудҳои силоҳе, ки метавонанд дар гардиши шаҳрвандӣ бошанд, таҳия карда шавад», — гуфт Песков ба хабарнигорон.

Песков тавзеҳ дод, ки «баъзан навъҳои силоҳи сабук, ки дар бархе  кишварҳо ҳамчун милтиқ ва ғайра истифода мегарданд, чун аслиҳаи шикорӣ ба қайд гирифта мешаванд». «Инро низ Гвардияи Россия фавран таҳия хоҳад кард», — гуфт ӯ.

Вакили Думаи давлатӣ, мушовири роҳбари Гвардияи Россия Александр Хинштейн дар канали Telegram-и худ гуфт, ки тирандоз каме пеш аз ҳамла иҷозаи нигоҳ доштани силоҳи оташфишон гирифтааст. «Иҷозати нигаҳдории силоҳи оташфишон (таппончаи Hatsan escort PS) ба Илназ Галявиев танҳо дар арафаи фоҷиа, 28 апрел дода шуд», — навиштааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 май дар мактаби рақами 175-и Қазон ҳамлагар аз автомат оташ кушод. Баъдтар ӯро боздошт карданд. Маълум гардид, ки ӯ ҷавони 19-сола буда, силоҳ дар номаш расман ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расмии охирини Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, ҳафт кӯдак, ду омӯзгор кушта ва 21 нафар аз шумули донишҷӯёну кормандони муассисаи таълимӣ маҷруҳ шуданд.

Дар ибтидо гузориш дода шуд, ки ҳамлагарон ду нафар буданд. Яке аз онҳоро боздошт карданд ва дуюмӣ гӯё ҳангоми ҳамла кушта шуд. Тасдиқи расмии иттилоот дар бораи ҳамлагари дуюм вуҷуд надорад.

12 май дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст. Дар ин рӯз дарсҳо дар ҳама мактабҳои Қазон лағв карда мешаванд.

 АКС: Егор Алеев/ТАСС

Май 12, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид